• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МУЛОҚОТ: ЛИБОСИ ЗЕБОВУ ШИНАМИ ТОҶИКӢ-МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ
МУЛОҚОТ: ЛИБОСИ ЗЕБОВУ ШИНАМИ ТОҶИКӢ-МУАРРИФГАРИ МИЛЛАТ

Дар факултети технологияҳои рақамии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд вохӯрии навбатии раиси шӯрои занон ва духтарони донишкада баргузор гардид.
Ҳадафи вохӯрӣ риояи тартиботи донишкада, донишомӯзӣ, риояи сару либоси донишҷӯӣ ва ҷалби духтарони пешқадам ба корҳои ҷамъиятӣ буд.
Вохӯриро муовини декан оид ба тарбия М. Алиназарова ифтитоҳ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки дар сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҳаёти ҷомеа диққати ҷиддӣ дода мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи тадбирҳои мушаххасро бо мақсади баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа, таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии онҳо, густариши фаъолияти ҷамъиятию меҳнатӣ, ҳалли масъалаҳои демографӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим, баланд бардоштани сатҳи маърифатнокӣ, пешбарии онҳо ба мансабҳои роҳбарикунанда амалӣ гардонида истодааст. Татбиқи қонунгузории миллӣ оид ба баробарии гендерӣ дар ҳама сатҳ шарти муҳимми иштироки пурраи занон дар ҳаёти ҷомеа буда, ҳамчун заминаи ҳатмии ҳуқуқӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ хидмат хоҳад кард.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни суханронӣ дар маросими савгандёдкунии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд, дар асоси муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон бо Қарори ҳукумати ҶТ “Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” таҳия гардидааст.
Таъкид шуд, ки Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ дар шаҳри Хуҷандӣ чун дигар макотиби олии мамлакат қоидаҳои махсуси дохилии худро дорад, ки риояи онҳо барои толибилм ҳатмӣ мебошад. Ҳар кадом дар баробари хониши аъло бояд бо интизоми намунавӣ ва либосҳои хоксоронаи донишҷӯӣ худро дар байни устодон ва ҳамсабақон намуна нишон диҳад. Иштироки саривақтӣ дар машғулиятҳо низ як навъи меъёри одобу ахлоқи донишҷӯӣ ҳисоб меёбад ва инро бояд донишҷӯ дар давоми таҳсил аз хотир набарорад.
Раиси занон ва духтарони донишкада Муҳаррам Темурова низ баромад карда, донишҷӯдухтаронро бо Моҳвораи ҷавонон ва Рӯзи оила табрик намуда, аз онҳо даъват намуд, ки дар баробари таҳсили хубу аъло дар озмуну чорабиниҳои дар пешистода фаъолона иштирок намоянд.
Мавсуф оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” сухан ронда нуқтаҳои асосии онро шарҳ дод. Ҳамзамон мавсуф ба донишҷӯдухтарони факултет оиди ҳадафҳои асосии Консепсияи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи дин ва самҳои афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи динро бо дар назар доштани манфиатҳои миллии кишвар баррасӣ намуда, таъкид доштанд, ки духтарон бояд ба сарулибоси миллии худ аҷргузорӣ намуда ба бегонапарасти даст назананд.
Зикр гардид, ки духтарони мо дар либоспӯшӣ набояд ба либоси дигар халқу миллатҳо пайравӣ намоянд, балки бо либосҳои зебову шинами тоҷикӣ зебогии духтари тоҷикро ба дигарон муаррифӣ карда тавонанд. То хатми донишкада вазифаи ҷонии донишҷӯён ин омӯзиш ва азбаркунии малакаҳои касбӣ ба ҳисоб меравад. Донишҷӯёни донишкада чӣ дар хониш ва чӣ дар одобу ахлоқашон бояд намунаи дигар духтарони кишвар бошанд.
Бо назардошти мақом ва рисолати ҷавондухтарон роҳбарияти донишкада пайваста ба ҷавондухтарон ғамхорӣ зоҳир намуда, барои фароҳам овардани шароити таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо тадбирҳои мушаххасро амалӣ месозанд.
Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 60

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 11.05.2026
МУЛОҚОТ: ОМОДАСОЗИИ МУТАХАСИСОНИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ-ОМИЛИ РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ КИШВАР
МУЛОҚОТ: ОМОДАСОЗИИ МУТАХАСИСОНИ СОҲАИ НАҚЛИЁТ-ОМИЛИ РУШДИ ИНФРАСОХТОРИ КИШВАР
  • 11.05.2026
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ
ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШКАДА ДАР ОЛИМПИАДАИ ҶУМҲУРИЯВӢ

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены